Натиҷаҳои озмуни «Моҳи шунавоӣ»

Натиҷаҳои озмуни «Моҳи шунавоӣ»

Дар Марказ натиҷаҳои озмуни «Моҳи шунавоӣ», ки моҳи ноябри соли 2024 баргузор шуд, ҷамъбаст шуда истодаанд. Лоиҳа бо мақсади рушди малакаҳои шунавоӣ дар байни донишҷӯён таҳия шуда буд.


Дар давоми моҳ, донишҷӯён дар раванди озмун дар иҷрои супоришҳои санҷишии махсус оид ба гӯш кардани нутқи хориҷӣ фаъолона иштирок карданд. Мо хушҳол аз онем, ки бисёре аз иштирокчиён қобилиятҳои баланд нишон доданд ва дар иҷрои супоришҳо муваффақиятҳои назаррас ба даст оварданд.

Дар охири моҳ, донишҷӯёне, ки натиҷаҳои беҳтаринро нишон доданд, бо туҳфаҳои хотиравӣ қадр гардиданд. Мо боварӣ дорем, ки ин тӯҳфаҳо онҳоро барои муваффақиятҳои минбаъда дар омӯхтани забонҳо ҳавасманд хоҳанд кард.

Ин намуди лоиҳаҳо на танҳо ба рушди малакаҳои забонӣ, балки ба тақвияти робитаҳои дӯстона байни донишҷӯён кӯмак мекунад.