Аттестатсияи маъмуриятчиён
Бо мақсади автоматикунонӣ ва идоракунии Марказ, баланд бардоштани ҳисоботгирии дақиқ, суръат бахшидани коркарди маълумот ва беҳтар кардани сифати ҳисоботи идоракунӣ, дар моҳи июни соли 2024 дар Марказ системаи 1С: Идоракунӣ ворид карда шуд.
Барои санҷиши сатҳи касбӣ ва сифати кор, аз 20.05.2025 то 27.05.2025 барои ҳамаи маъмуриятчиён санҷиши касбӣ ё худ аттестатсия эълон шуд. Ин як марҳилаи муҳим дар санҷиши қобилиятҳо, донишҳо ва малакаҳо мебошад, ки барои иҷрои самараноки вазифаҳои хизматӣ зарур аст.
Тартиби гузаронидани аттестатсия аз санҷиши донишҳои касбӣ, иҷрои вазифаҳои амалӣ ва мусоҳиба бо комиссия иборат буд. Бомуваффақият гузаштани санҷиш имкон медиҳад, ки кормандон тахассус, қобилиятҳои касбии худ ва мартабаи худро баланд бардоранд.
Натиҷаҳои гузаронидани озмун дар Маросими тақдими дипломҳо санаи 14 июни соли 2025 ҷамъбаст хоҳанд шуд.

