Аттестатсияи Мутахассисони Ҷавон: Гуфтугӯ, баҳогузорӣ ва рушди касбӣ
Маркази гуманитарии муосир ба номи У. Шекспир ба рушди пайваста ва дастгирии омӯзгорони ҷавон ва мутахассисони навкор диққати аввалиндараҷа медиҳад. Яке аз унсурҳои муҳими ин раванд аттестатсияи мутахассисони ҷавон мебошад, ки як маротиба дар ду сол баргузор шуда, ҳамчун имконият барои баҳогузории малакаҳо ва мубодилаи фаъоли таҷриба хизмат мекунад.
Мӯҳлати баргузории аттестатсия метавонад тағйир ёбад, вале ҷаласаи наздиктарин дар мавсими тобистон (июн–август) бомуваффақият баргузор гардид ва ба марҳалаи муҳими рушди кадрҳои ҷавон табдил ёфт.
Аттестатсия ҳамчун баҳогузории мукаммал ва дуқисмата ташкил карда шудааст:
- Презентатсия: Пешниҳоди оммавии гузориш ё тадқиқот оид ба мавзӯи интихобшуда.
- Эссе: Кори хаттӣ, ки фаҳмиши амиқи масоили мубрами соҳаи маорифро инъикос менамояд.
Кисми асосии аттестатсия ин гуфтугӯи касбӣ мебошад. Ҳар як мутахассиси ҷавон гузориши худро ба намуди презентақия пешниҳод намуда. Пас аз суханронӣ муҳокимаи созанда баргузор мегардад, ки дар он инспекторон ва ҳамкорон афкорро мубодила намуда, идеяҳои пешниҳодшударо баррасӣ мекунанд ва самтҳои минбаъдаи такмили фаъолиятро муштаракан муайян месозанд.
Аттестатсия на танҳо санҷиши дониш аст, балки ангезаи пуриқтидор барои ҷорӣ намудани равишҳои инноватсионӣ ва баланд бардоштани сатҳи умумии касбии коллективи Марказ ба ҳисоб меравад.

