Ба курсҳои забономӯзии мо дохил шавед!
Дархост барои дохилшавӣ ирсол кунед
ё ин, ки бо мутахассис тамос гиред
Нозирон дар таъмини шаффофият, беғаразӣ ва сифати баланди раванди таълим нақши муҳим доранд. Ба ӯҳдадориҳои онҳо ташкилу баргузории равандҳои имтиҳонӣ, назорати риояи қоидаҳои гузаронидани имтиҳонҳо, инчунин иштирок дар ҳимояи презентатсияҳои хонандагон ва донишҷӯён дохил мешавад.
Бо максади такмили малакаҳои худ нозирон мунтазам аз санҷиш мегузаранд. Дар рафти санҷиш ё худ аттестатсия сатҳи забондонӣ, малакаи ташкил ва гузаронидани имтиҳонҳо барои хонандагон, маҳорати шаффоф баҳогузорӣ кардани дониши хонандагон ва ахлоқи касбии нозирон тафтиш карда мешавад.
Бояд қайд намуд, ки Марказ аз рӯи стандартҳои ягонаи имтиҳонсупории аврупоӣ - СEFR фаъолият мебарад.