Previous Next

Аттестатсияи омӯзгорон дар Маркази гуманитарии муосир ба номи У. Шекспир

Аз санаи 29 сентябр дар ТҶ “МГМ” ба номи У. Шекспир аттестатсия омӯзгорон баргузор гардида истодааст. Аттестатсия чорабинии муҳиме, ки касбият, таҷриба ва талош барои рушдро муттаҳид месозад.

Ҳар як омӯзгор бо гузориш ва презентатсия оид ба мавзӯи муҳимми педагогӣ ва психологӣ баромад карда, фикрҳо, усулҳо ва дастовардҳои худро мубодила менамояд. Пас аз суханронӣ, муҳокимаи яксоата баргузор мегардад, ки дар он ҳамкасбон афкори худро мубодила мекунанд, пешниҳодҳо медиҳанд ва якдигарро ба кашфиёти нави педагогӣ илҳом мебахшанд.

Аттестатсия дар Маркази мо на танҳо баҳогузории фаъолияти касбӣ аст, балки имконияти рушд, илҳом ва мубодилаи таҷриба мебошад, ки дар он ҳар як омӯзгор иқтидори худро нишон дода, ба беҳтар гардидани сифати таҳсилот саҳм мегузорад.