Ташрифи коршинос аз Олмон

Ташрифи коршинос аз Олмон

Дар доираи лоиҳаи SES, маркази мо ҳар семоҳа коршиносонро аз Олмон даъват мекунад. Мақсади сафари онҳо баланд бардоштани иқтидори педагогии кормандони марказ, табодули таҷриба ва такмили сатҳи дониш ва малакаи омӯзгорон мебошад. Вазифаҳои лоиҳа ташкил ва гузаронидани тренингҳо ва мастер-классҳо барои омӯзгорон (ТОТ), ташкили омӯзиши муштарак (team-teaching), таҳияи маводҳои таълимӣ, арзебии сатҳи дониши донишҷӯен аз рӯи стандарти CEFR ва ғайра мебошанд. 15 апрели соли 2024 ҷаноби Зигфрид Ангст бо сафари кории худ ба маркази мо ташриф овард. Бояд қайд кард, ки татбиқи чунин лоиҳаҳо ба баланд бардоштани сифати таълим ва тайер намудани омӯзгорони муосири баландихтисос мусоидат менамояд.