Previous Next

Ифтитоҳи Маркази тестӣ дар назди "Маркази гуманитарии муосир" ба номи У. Шекспир

Дар арафаи 20 солагии таъсисёбии Ташкилоти чамъиятии "Маркази гуманитарии муосир" ба номи У. Шекспир дар шаҳри Хучанд санаи 5 январи соли 2026 Маркази тестӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Дар маросими ифтитоҳии он, ки дар бинои “Таҷсити” сурат гирифт, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Муяссара Қаҳҳорӣ, роҳбарияти марказ, волидайн ва шунавандагони Марказ иштирок намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки Маркази тестӣ синфхонаи компютерӣ барои гузаронидани санҷишҳои марҳилавӣ ва ниҳоӣ, хамчунин 7 синфхонаи таълимӣ барои забономӯзӣ иборат мебошад. Дар ин Марказ дар баробари шунавандагон, ҳамчунин шаҳрвандони касбу кори гуногуни донандагони забонҳои хориҷӣ бо сатҳи забономӯзии хешро санҷида ва соҳиби Сертификат шуда метавонанд.