Маросими қадрдонии муҳассилини Маркази гуманитарии муосир ба номи У. Шекспир бо супоридани шаҳодатнома ва идрорпулӣ
Дар Қасри фарҳангии «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд яке аз рӯйдодҳои муҳимтарини соли хониш — маросими қадрдонии беҳтаринҳо ва хатми шогирдони Маркази гуманитарии муосир ба номи Уилям Шекспир бо иштироки хонандагону омўзгорон, волидайн ва меҳмонон баргузор гардид.
Аз тарафи муасис Диловар Ҷумъаев ва директори Марказ Ҳамида Ӯрунова ба 56 нафар хатмкунандагон дипломи дараҷаи В1, В2 ва В2-С1 –и забонҳои англисӣ ва олмонӣ тақдим карда шуд. Ҳамзамон 11 нафар хонандагон соҳиби Стипендияи директори Марказ шуданд ва ин имкон медиҳад, ки онҳо маблағи таҳсилро насупоранд ва баръакс соҳиби идрорпулӣ шаванд.
Дар доираи лоиҳаи «Мактаби некӣ» омӯзгороне, ки дарсҳои намунавии ҳисоботӣ пешниҳод карданд, бо сертификат ва мукофотпулиҳо дар се категория сарфароз шуданд:
- Very Good (500 сомонӣ - 12 нафар)
- Excellent (1000 сомонӣ - 6 нафар)
- Grand-Prix (3000 сомонӣ - 2 нафар).
18 нафар устодон дар озмуни Марказ иштирок намуда, 2 нафар омӯзгорон: Саодат Охунова - омӯзгори забони олмонӣ ва Заррина Султонова - омӯзгори фанни забони англисӣ соҳиби Шоҳҷоиза шуданд.
Ҳамчунин барои иштироки фаъол ва баромади ҷолиб дар мини-конференсияи илмӣ, 7 нафар хонандагон соҳиби унвони «Презентатори беҳтарин» шуданд.
Чорабиниро ҳузури коршиноси соҳаи маориф аз Олмон, хонума Ҳелга Фишер шукӯҳи тоза бахшид. Ӯ дар доираи барномаи касбии худ бо нутқи табрикотӣ ба се забон — русӣ, англисӣ ва олмонӣ суханронӣ намуда, сатҳи омодагии шогирдони Марказро баланд арзёбӣ кард.
Барномаҳои ҷолиби фарҳангӣ ба чорабинӣ ҳусни анҷом бахшид.

