Озмун байни омӯзгорон “Усули нави ман”
ТҶ "МГМ" ба номи У.Шекспир озмуни "Усули нави ман"- ро эълон мекунад. Ҳадафи асосии ин озмун илҳом бахшидан ба муаллимони мо барои таҳия ё кашфи усулҳои нави таълим мебошад, ки метавонанд ба барномаи таълимии мо самаранок ворид карда шаванд.
Қоидаҳо ва муқаррарот:
Озмун барои ҳамаи омӯзгорони Маркази мо ҳатмист. Нозирон метавонанд ба таври ихтиёрӣ иштирок кунанд. Презентатсияҳо бояд бо забони англисӣ ё олмонӣ пешниҳод карда шаванд.
Ҳар як иштирокчӣ бояд усули нави таълимро мувофиқи системаи зерини усулҳо таҳия ва пешниҳод кунад:
- Усули ҳавасмандкунӣ
- Усули ҷазо
- Усули татбиқи маводи нав
- Усули таъмини мавод
- Усул барои ғанисозии лексикӣ
- Усули ихтиёрӣ(бояд пешакӣ тасдиқ карда шавад).
Меъерҳои арзебӣ:
Нотакрорӣ: Беназирӣ ва эҷодиети усули пешниҳодшуда.
Самаранокии потенсиалӣ: Самаранокӣ дар беҳтар кардани натиҷаҳои омӯзиши донишҷӯен. Мақсаднокӣ: Амалӣ ва осонии татбиқ дар Марказ.
Самаранокии иқтисодӣ: Баҳисобгирии истифодаи захираҳо ва дастрасӣ.
Ғолибон ҷоизаҳои зеринро соҳиб мешаванд:
Ҷойи 1 - ум - 1000 сомонӣ
Ҷойи 2 - 700 сомонӣ
Ҷойи 3 - 500 сомонӣ
Иштирокчиёни фаъол: 300 сомонӣ (бо қарори аъзои комиссия)
Талаботи техникӣ: Презентатсияҳо бояд бо истифода аз васоити мултимедиавӣ (ба монанди Power Point, намоиши видео) ё намоиши зинда омода карда шаванд.
Маълумот дар бораи пешниҳод ва презентатсия:
Мӯҳлати дархост: 10.06.2024с.
Дархостҳоро метавонед аз Фирӯз Охунов гиред (92-858-84-82).
Давомнокии презентатсияҳо 10 дақиқа аст.
Пас аз презентатсияҳо ҷаласаи кӯтоҳи саволу ҷавоб бо аъзои комиссия баргузор мешаванд.