Озмуни "Презентатсияи беҳтарин"
Презентатсия яке аз усулҳои беҳтарини ташаккули маҳорати нутқ ва суханварии хонандагон мебошад. Ҳар сол дар моҳи май дар Марказ конфронси кӯтоҳмуддат баргузор мешавад, ки дар он донишҷӯёни сатҳҳои В1, В2 ва С1 гузоришҳои худро бо забони англисӣ дар шакли презентатсия пешниҳод намуда, ҳимоя мекунанд.
Моҳи майи соли ҷорӣ дар Марказ конфронси навбатӣ баргузор гардид, ки ҳадаф аз он санҷиши суханронии шифоҳӣ, тафаккури интиқодӣ, қобилияти таҳлили иттилоот дар забони англисӣ ва баровардани хулосаҳои дахлдор буд. Инчунин, омода намудани презентатсия ба рушди малакаҳои тадқиқотии донишҷӯён мусоидат мекунад. Дар конфронси охирин гурӯҳи нозирон 9 презентатсияи беҳтаринро интихоб карданд, ки 14 июни соли равон дар Маросими супурдани дипломҳо мукофотонида мешаванд.

