Previous Next

Презентатсияи хонандагон

Дар Маркази мо на танҳо ба омӯзиши забон, балки ба рушди малакаҳои амалӣ низ диққати махсус дода мешавад. Аз ин рӯ, ба ҷойи таҳлили анъанавии қисмҳои нутқ, хонандагон презентатсияҳоро дар мавзӯъҳои интихобкардаи худ омода ва ҳимоя мекунанд.

Ҳар як хонанда мустақилона мавзӯи барояш ҷолибро интихоб намуда, маводро меомӯзад, презентатсия таҳия мекунад ва онро дар назди омӯзгор ва ҳамсабақони худ муаррифӣ менамояд. Ин шакли омӯзиш ба рушди малакаи муҳокимаи муаммо, ба ғанӣ гардидани захираи луғавӣ, рушди малакаҳои нутқи шифоҳӣ, тарзи дурусти пешниҳод ва сохторбандии маълумот, инчунин ба таври боварибахш баромад кардан дар назди шунавандагон мусоидат мекунад.